- ҷорӣ
- [جاري]1. равон, раванда, гузаранда, муруркунанда: оби ҷорӣ2. амалӣ, маъмул: таомули ҷорӣ3. дар вақти ҳозира амалкунанда, дар айни ҳол ҳаракаткунанда ва мавҷуд, ҳозира: кори ҷорӣ, масъалаи ҷорӣ, панҷсолаи ҷорӣ, соли ҷорӣ, тартиботи ҷорӣ, ҳисоби ҷорӣ (дар ҳисобарорӣ); ҷорӣ гаштан (гардидан) ҷорӣ шудан; ҷорӣ доштан маъмул гардонидан; ҷорӣ кардан а) равон кардан; б) рехтан; в) амалӣ гардонидан, ба ҳаракат даровардан, маъмул кардан, татбиқ гардондан: дигаргунӣ ҷорӣ кардан, тартиб ҷорӣ кардан, ҷорӣ намудан ҷорӣ кардан; ҷорӣ шудан а) равон шудан (мас., об ва ғ.); б) амалӣ гаштан, татбиқ шудан, барқарор гаштан, ба ҳаракат даромадан; в) гузаштан, мурур кардан: ҷорӣ шудани вақт, ҷорӣ шудани рӯз
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.